23 Jul 2026, 02:47 UTC117 views7 reactionsread 8 August 2026 Forwarded from @KoriIsmat1917Photo
***
Бар ақл оварам шак аз дасти қавми ӯзбак,
Меҳан шуда муаллақ аз дасти қавми ӯзбак.
Таърих чаппагардон, фарҳанг моли эшон,
Барбаста роҳи равнақ аз дасти қавми ӯзбак.
Қурбоққа ҳамсадошон, дашту даман сарошон,
Рӯбаҳ фирефт лаклак аз дасти қавми ӯзбак.
Қандшаҳр бесамар шуд, Фарғона фарти хар шуд,
Хору Бухор дусад лак аз дасти қавми ӯзбак.
Барбаста роҳи хона, бо сад раҳу баҳона,
Дарвозабон шуда саг аз дасти қавми ӯ…
👍2💯2🔥2🕊1
14 Jul 2026, 17:55 UTC169 views6 reactionsread 8 August 2026 Дуруд дӯстони гиромӣ, умедворам, ки хубу шод ҳастед!
Воқеъан канали хуб аст, метавон гуфт дар ҳама бора фаъолият дорад.
Эҳтиромона хоҳиш мекунем обуна шавед:
👇👇👇
https://t.me/KoriIsmat1917
❤2👍2💯2
7 Jul 2026, 00:56 UTC217 views8 reactionsread 8 August 2026 Forwarded from @KoriIsmat1917Photo
ҒАЗАЛИ ШУКРУ СИПОС БА ЗОДГОҲАМ
МАЗОРИ ШАРИФ ВА ҲАМДИЁРОНАМ
Ало, эй кӯҳи Чилмеҳроб, ало, эй саҷдагоҳи ман,
Ба гардун мерасад аз фахри дидорат кулоҳи ман.
Пас аз домони модар доманат домони умрам буд,
Ту бинмудӣ миёни чорроҳа самти роҳи ман.
Савобандӯзии ман аз сахои обшори туст,
Ҷалолу ҷоҳи ман аз туст, ҳам пушту паноҳи ман.
Чакодат соя меафканд бар рӯи ҳаёти мо -
Ҳаёти шоду обод аз виқори қиблагоҳи ман.
Хасу хор…
❤4💔2🥰2
1 Jul 2026, 14:27 UTC210 views7 reactionsread 8 August 2026 Forwarded from @KoriIsmat1917Photo
Хиёли хоми паланги ман ба сӯйи моҳ паридан буд
Ва моҳро зи баландояш ба рӯйи хок кашидан буд.
Паланги ман, дили мағрурам, париду панҷа ба холӣ зад,
Ки ишқ, моҳи баланди ман, варои даст расидан буд.
Ману ту он ду хатем, оре, мувозиёни ба ночорӣ,
Ки ҳарду боварамон з-оғоз ба якдигар нарасидан буд.
Гули шукуфта, Худо ҳофиз, агарчӣ лаҳзаи дидорат
Шуруъи васвасае дар ман ба номи дидану чидан буд.
Шароб хостаму умрам ш…
❤3❤🔥1👍1🔥1🥰1
7 Jun 2026, 08:27 UTC271 views7 reactionsread 8 August 2026 Forwarded from @KoriIsmat1917Photo
СУРОҒАИ УСТОД
Бар кӯҳи Чилмеҳроб рав, он арчаи танҳо биҷӯ,
Дар Чашмаи Нийят нигар, ҳусни хати дарё биҷӯ.
Рав, соядасташро бихон дар барг - барги ҳар дарахт,
Устоди Маҷнуни маро аз ҷангали Лайло биҷӯ.
Дар пеш ҷӯ, не дар ақиб, дар авҷ ҷӯ, не дар нишеб,
Он рафтаи ояндаро аз субҳи пасфардо биҷӯ.
Он матлаи сабзи рабеъ, он нузҳати боғи бадеъ
Ин ҷост, ӯро ҳар қадам аз вусъати ҳоло биҷӯ.
Девонагӣ карду гузашт, фарзонагӣ…
❤3🥰2😍2
20 May 2026, 10:54 UTC320 views2 reactionsread 8 August 2026 Forwarded from @KoriIsmat1917
Устод Лоиқ Шералӣ
Ту гар чашмисаре дорӣ, маро чашми диле боз аст,
Ту зери лаб сухан гуӣ, маро то арш овоз аст.
Чу мурғи хонагӣ аз бом то боме кушоӣ бол,
Ту андар худ фурумонда,
маро шаҳболи шаҳбоз аст.
Ту бо тарсуӣ мегӯӣ каломи нукирӯмолӣ,
Туро сад нафси норозӣ, маро як хома дамсоз аст.
Туро бошад ғами фарде, маро бошад ғами фардо,
Туро ҳар рӯз анҷоме, маро ҳар лаҳза оғоз аст.
Ту дунёро намедонӣ, дили моро намех…
❤2
19 May 2026, 14:35 UTC295 views7 reactionsread 8 August 2026 Forwarded from @KoriIsmat1917Photo
То ном физоӣ, нафси худро кам кун,
Одамгарӣ кун, валек бо одам кун.
Мегуфт даравгаре ба ман вақти дарав:
Чун хӯшаи гандум ба замин сар хам кун.
Лоиқ ШЕРАЛӢ
Ба https://t.me/KoriIsmat1917 обуна шавед
❤🔥3❤1👍1🔥1😍1
10 May 2026, 09:24 UTC334 views7 reactionsread 8 August 2026 Forwarded from @KoriIsmat1917
🌙Ишқи Худо дилро чунон ором мекунад, ки ғам ҳам ибодат менамояд…
Ғазал аз Саъдии Шерозӣ.
Дар он нафас, ки бимирам дар орзуи ту бошам,
Бад-он умед диҳам ҷон, ки хоки кӯи ту бошам.
Ба вақти субҳи қиёмат, ки сар зи хок барорам,
Ба гуфтугӯи ту хезам, ба ҷустуҷӯи ту бошам.
Ба маҷмае, ки дароянд шоҳидони ду олам,
Назар ба сӯи ту дорам, ғуломи рӯи ту бошам.
Ба хобгоҳи адам гар ҳазор сол бихусбам,
Зи хоб оқибат огаҳ ба…
❤🔥4🕊2👍1
1 May 2026, 03:48 UTC871 views2 reactionsread 8 August 2026 Моро биҳишт суҳбати ёрони ҳамдам аст,
Дидори ёри номутаносиб ҷаҳаннам аст.
Ҳар дам, ки дар ҳузури азизе ба сар барӣ,
Дарёб, к-аз ҳаёти ҷаҳон ҳосил он дам аст.
На ҳар кӣ чашму гӯшу даҳон дорад одамист,
Бас девро, ки сурати фарзанди одам аст.
Он аст одамӣ, ки дар-ӯ ҳусни сират аст,
Ё лутфи суратест, дигар ҳашви олам аст.
Онон, ки дар баҳор ба саҳро намераванд,
Бӯи хуши рабеъ бар эшон муҳаррам аст.
В-он сангдил, ки…
🥰2
31 Oct 2025, 11:11 UTC817 views2 reactionsread 8 August 2026 Forwarded from @KoriIsmat1917Photo
ШОҲБАЙТ
Зи ташвиши оянда бояд гирист,
На бар мурда, бар зинда бояд гирист.
Раҳии Муъайярӣ
Ба https://t.me/KoriIsmat1917 обуна шавед
👍1🔥1
14 Sept 2025, 11:26 UTC884 views5 reactionsread 8 August 2026 Forwarded from @KoriIsmat1917
❗Зиндагонист, ки ҷуз марг саранҷом надошт,
Гар намебуд нафас субҳи касе шом надошт.
Дили пуркори ҳавас муттаҳами ғайрам кард,
Сода то буд нигин, ғайри нигин ном надошт.
Қадрдони ҳама чиз оинаи мунтазирист,
Дардам аз ҳосили васлест, ки пайғом надошт.
Мояи орияту сарфи тараб ҷойи ҳаёст,
Гул сару барги шукуфтан ба зари вом надошт.
Сайри кайфияти ибратгаҳи имкон кардем,
Нақши подошти ҳавое, ки сари бом надошт.
Кош беҷуръ…
🔥3👍1💔1
21 Aug 2025, 13:45 UTC941 views6 reactionsread 8 August 2026 Forwarded from @KoriIsmat1917Photo
БАРОИ ХУДАМ
Соқии базми сағирон будаам чанде,
Низ дар базми вазирон будаам чанде;
Бод ҳам паймудаам чанде,
Бода ҳам паймудаам чанде,
То гулӯ ғарқидаам дар оби соғарҳо,
То гулӯ ғарқидаам дар истаконҳо.
Ҳар куҷо густурда пойандози ман аз мавҷи қарсак буд,
Ҳар куҷо густурда пойандози ман аз авҷи чак-чак буд;
Аз ҳазорон ёри хушгил бар сарам гулдаста меборид,
Аз ҳазорон хирмани гул бар сарам гулдаста меборид.
Ҳар куҷо …
❤3😢3
Showing the 12 most recent of 20 posts we hold for @gazaltjk. View and reaction counts are the latest single reading for each post, not a live figure, and a recent post is still accumulating both. A view count marked ≈ was rounded by Telegram before we ever saw it — t.me prints views in full below 1,000 and to three significant figures above, so ≈1,200,000 means somewhere between 1,150,000 and 1,249,999. Unmarked counts are exact. Text is reproduced from the public post preview and truncated for length.