8 Aug 2026, 08:27 UTC205 viewsread 8 August 2026 АГАР ҶӮЙӢ .....
Маро аз ман маҷӯ , эй дил ,
Маро аз дардҳоям ҷӯ ,
Зи дардҳое , ки дар дил аст ,
Зи алфозе , ки дар шеър аст .
Маро аз нақши поям ҷӯ ,
Ба роҳи пок раҳ дошт ӯ .
Маро ҷӯ аз нигоҳи ман ,
Зи ишқи бевисолам ҷӯ .
Маро аз нуктаҳоям ҷӯ ....
Маро , эй ошнои нав ,
Ки баъди марги ман пурсӣ ,
Кӣ буд Маъсума дар олам ?
Маро аз роҳи меҳрам ҷӯ ,
На аз ишратгаҳи дунё .
Зи роҳи дарду танҳоӣ ,
Зи рози ғуссаҳои дил …
Signed Boltaev Umedullo
8 Aug 2026, 08:27 UTC10 viewsread 8 August 2026 ҚАЛАМИ ДИЛ ....
Кафи дилро қалам аз дарду ғам буд,
Ва ё , ранги қалам , аз чашми нам буд .
Наменолад қалам , аз ҳар чӣ дидам,
Ба қисмат ҳар чӣ буд , шукрона кардам .
Нагуфтам аз раҳи солим дурам ман ,
Ҷудо аз орзуҳо , маҳҷурам ман ....
Ҳар он чи дод Худо мегирадаш боз ,
Нашояд меҳр баст бар даҳри носоз .
Ҳар он чи дод Худо тақдирам он аст ,
Равам дасти тиҳӣ , тадбирам он аст .
Манол Маъсума ту , аз ранҷу андӯҳ …
Signed Boltaev Umedullo
8 Aug 2026, 02:00 UTC270 views1 reactionsread 8 August 2026 Гуфтам, ки бо фироқ мадоро кунам, нашуд,
Як рӯзро бидуни ту фардо кунам, нашуд.
Дар шеъри шоирон ҳама гаштам, ки мисрае
Дар шаъни чашмҳои ту пайдо кунам, нашуд.
Гуфтанд: ҳама «Ошиқ?», шудаи гиряам гирифт,
Мехостам бихандаму ҳошо кунам, нашуд.
Безорам аз рақиб, ки то омадам туро
Аз дур чанд лаҳза тамошо кунам, нашуд.
Шоир шудам, ки бо қалами соҳиронаам
Дар қоби шеър ишқи туро ҷо кунам, нашуд.
👍1
Signed Boltaev Umedullo
8 Aug 2026, 01:47 UTC23 views1 reactionsread 8 August 2026 Video
Чун Сулаймон кард бо чандин камол,
Пеши муре ланг аз аҷз он суол.
Гуфт: “Баргу, эй зи ман оғуштатар,
То кадомин гил ба ғам бисриштатар?”
Дод он соат ҷавобаш мури ланг,
Гуфт: “Хишти вопасин дар гӯри танг”.
Аттори_Нишопурӣ
🔥1
Signed Boltaev Umedullo
8 Aug 2026, 01:24 UTC21 viewsread 8 August 2026 Photo
Мо оҳиста-оҳиста ба ғуломи шабакаҳои иҷтимоӣ табдил меёбем, дар ҳоле ки алгоритмҳои муътодгар вақти моро фурӯ мебаранд ва тиҷорат моро дар асорат нигоҳ медорад.
🎨Mariano Ruszaj
тафаккур
Signed Boltaev Umedullo
8 Aug 2026, 01:23 UTC22 views1 reactionsread 8 August 2026 Video
Ғазали Ҳофиз Шерозӣ
Ровӣ: Далер Шариф
🔥1
Signed Boltaev Umedullo
8 Aug 2026, 01:15 UTC331 viewsread 8 August 2026 Video
Video, posted without a caption
Signed Boltaev Umedullo
8 Aug 2026, 00:37 UTC257 viewsread 8 August 2026 Photo
Донӣ, ки сапедадам хуруси саҳарӣ,
Ҳар лаҳза чаро ҳамекунад навҳагарӣ?
Яъне, ки намуданд дар оинаи субҳ,
К-аз умр шабе гузашту ту бехабарӣ.
✍️ Умари Хайём
Signed Boltaev Umedullo
7 Aug 2026, 16:11 UTC28 viewsread 8 August 2026 Агар
сухан миёни ману ту поён ёфт
ва
роҳҳои висол
қатъ шуданд
ва
ҷудову ғариба гаштем..
Аз нав бо ман ошно шав...
Signed Boltaev Umedullo
7 Aug 2026, 15:56 UTC365 viewsread 8 August 2026 Photo
Ин бор ман якборагӣ дар ошиқӣ печидаам,
Ин бор ман якборагӣ аз офият бибридаам,
Дилро зӣ худ баркандаам, бо чизи дигар зиндаам,
Ақлу дилу андешаро аз беху бун баркандаам....
Мавлоно_Румӣ
Signed Boltaev Umedullo
7 Aug 2026, 15:48 UTC488 views1 reactionsread 8 August 2026 Photo
Photo, posted without a caption
🔥1
Signed Boltaev Umedullo
7 Aug 2026, 15:46 UTC480 viewsread 8 August 2026 Video
Video, posted without a caption
Signed Boltaev Umedullo
Showing the 12 most recent of 20 posts we hold for @farhangi_tojik. View and reaction counts are the latest single reading for each post, not a live figure, and a recent post is still accumulating both. A view count marked ≈ was rounded by Telegram before we ever saw it — t.me prints views in full below 1,000 and to three significant figures above, so ≈1,200,000 means somewhere between 1,150,000 and 1,249,999. Unmarked counts are exact. Text is reproduced from the public post preview and truncated for length.