7 Aug 2026, 06:20 UTC619 views19 reactionsread 7 August 2026 Photo
Пироҳанҳои нави дастаи Регар-ТадАЗ!
🔹 Маҷмӯи нави сарулибоси «Регар-ТадАЗ», ки аз ҷониби ширкати "JAKO" махсус барои иштирок дар Лигаи Даъвати КФО таҳия шудааст, ба бошгоҳ дастрас гардид.
🔹 Бо ин либосҳои нав дастаи Регар-ТадАЗ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
🔹 Ба футболбозони Регар-ТадАЗ дар ин мусобиқаи қоравӣ барор мехоҳем!
🔥7❤6👎3👍2👏1
7 Aug 2026, 04:42 UTC673 views10 reactionsread 7 August 2026 Photo
Тими ҷавонони Тоҷикистон (U-20) аз 31 август то 6 сентябр дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо дастаҳои Афғонистон, Урдун ва Баҳрайн бозӣ мекунад.
Ин рақобатҳо дар кишвари Баҳрайн баргузор мегарданд. Танҳо дастаҳои зинаи якум ва беҳтарин дастаҳои зинаи дуюм роҳхатро ба Ҷоми Осиё ба даст меоранд.
🔥6❤4
5 Aug 2026, 11:26 UTC836 views16 reactionsread 7 August 2026 Photo
Нахустин бозии дурахшони Карим Мадрахимов дар ҳайати асосии «Ростов»! ⭐
Ҳамлагари 18-солаи зодаи шаҳри Исфара Карим Мадрахимов дар аввалин бозии худ дар ҳайати асосии «Ростов» дар доираи Ҷоми Русия муқобили «Акрон» (4:0) аз дақиқаҳои аввал ба майдон баромада, бо як паси голӣ саҳми худро дар пирӯзии даста гузошт. 👏🔥
📊 Омори ӯ дар мавсими ҷории Лигаи ҷавонони Русия (МФЛ):
🏟 10 бозӣ
⚽️ 3 гол
🎯 1 паси гол
Ҷолиб он аст…
❤15👏1
5 Aug 2026, 08:06 UTC≈2,980 views39 reactionsread 7 August 2026 Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ!
Бо эҳтироми зиёд мехоҳам як пешниҳодеро, ки барои рушди футболи кишвар муҳим меҳисобам, ба Шумо иброз намоям.
Имрӯз дар аксари чемпионатҳои ҷаҳон омори пурраи ҳар як бозикун ва даста ба таври расмӣ нашр мешавад: шумораи бозиҳо, голҳо, ассистҳо, дақиқаҳои бозӣ, кортҳои зард ва сурх, инчунин дигар нишондиҳандаҳои муҳим. Илова бар ин, таҳлили оморӣ в…
❤23👍8👏4👎1💩1🔥1🤡1
3 Aug 2026, 15:07 UTC≈1,010 views22 reactionsread 7 August 2026 Photo
Айни ҳол танҳо 4 футболбози тими миллии Тоҷикистон дар бошгоҳҳои хориҷӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.
🟢 Парвиз Умарбоев — «Локомотив» (Булғористон) 🇧🇬
🟢 Рустам Ятимов — «Ростов» (Русия) 🇷🇺
🟢 Олег Баклов — «Турон» (Озарбойҷон) 🇦🇿
🟢 Зоир Ҷӯрабоев — «Суғдиён» (Узбакистон) 🇺🇿
👍12👎6❤4
3 Aug 2026, 12:14 UTC959 views7 reactionsread 7 August 2026 🕊 Ситораи футболи тоҷик Валерий Турсунов, ки дирӯз дар синни 72-солагӣ даргузашт, дар Душанбе ба хок супорида мешавад.
Ҷанозаи марҳум, фардо, 4 август, дар Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе (масҷиди нав) соати 13:00 баргузор мегардад.
💔5🕊2
3 Aug 2026, 09:38 UTC978 views16 reactionsread 7 August 2026 Photo
📊 ҶАДВАЛИ ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ПАС АЗ ДАВРИ 13-УМ
Пас аз анҷоми бозиҳои даври 13-уми Лигаи олии Тоҷикистон, рақобат барои қаҳрамонӣ боз ҳам шадидтар шуд.
🔹 «Хосилот» бо 27 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад, аммо «Регар-ТадАЗ» низ бо ҳамин миқдор имтиёз ва як бозӣ камтар дар таъқиби пешсаф аст.
🔹 Қаҳрамони феълии кишвар «Истиқлол» бо 25 имтиёз дар зинаи сеюм ҷой гирифта, муборизаро барои унвон идома медиҳад.
Да…
❤8🔥6👏2
2 Aug 2026, 17:00 UTC≈1,010 views28 reactionsread 7 August 2026 Photo
«Ҳосилот» 5:2 «Истаравшан»
Бозии ҷолиб ва пур аз гол миёни дастаҳои «Ҳосилот» ва «Истаравшан» бо пирӯзии мизбонон ба анҷом расид.
Дар ин дидор голҳои дастаи «Ҳосилот»-ро Ҷ. Гатиен (10'), Ҷ. Акомади (57'), А. Юлиус (58'), Ш. Бобоев (66') ва С. Иргашев (73') ба самар расониданд.
Ду голи тими «Истаравшан»-ро бошад, Ҷ. Сафаров (28', 89') вориди дарвоза кард.
👍14❤7🔥5👎1😁1
2 Aug 2026, 16:00 UTC≈1,160 views31 reactionsread 7 August 2026 Photo
Регар-ТадАЗ дар хонаи худ қаҳрамони феълии кишвар "Истиқлол'-и Душанберо шикаст дод.
👍23🤯5❤2🤮1
2 Aug 2026, 13:10 UTC965 views15 reactionsread 7 August 2026 Video
⚽️ ДАСТАИ БОНУВОНИ «АРТИШ» БА ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ ОМОДАГӢ МЕБИНАД!
Дастаи бонувони «Артиш» омодагии ҷиддии худро барои иштирок дар мусобиқаи бонуфузи Лигаи чемпионҳои Осиё идома дода истодааст.
Футболбозон бо баргузории машқҳои мунтазам ва омодагии ҳамаҷониба талош доранд, ки дар ин мусобиқа бо натиҷаҳои арзанда шарафи футболи Тоҷикистонро ҳимоя намоянд.
Ба дастаи «Артиш» дар ин сабқати муҳими қоравӣ барору комё…
❤9🔥4👍2
2 Aug 2026, 08:18 UTC≈1,040 views12 reactionsread 7 August 2026 Photo
Гурӯҳи «ҶАҲОНИ ФУТБОЛИ ТОҶИК» аз даргузашти устури футболи тоҷик Валерий Турсунов сахт андӯҳгин буда, ба аҳли оила, наздикону дӯстон ва тамоми ҷомеаи футболи кишвар ҳамдардии самимии худро баён менамояд.
Рӯҳашон шод ва ёдашон ҷовидон бод.
😢8🕊3❤1
1 Aug 2026, 14:46 UTC819 views7 reactionsread 7 August 2026 Video
Голи зебои Муҳаммадҷон Насков аз маркази майдон
🔥6👍1
Showing the 12 most recent of 18 posts we hold for @world_of_tajik_football. View and reaction counts are the latest single reading for each post, not a live figure, and a recent post is still accumulating both. A view count marked ≈ was rounded by Telegram before we ever saw it — t.me prints views in full below 1,000 and to three significant figures above, so ≈1,200,000 means somewhere between 1,150,000 and 1,249,999. Unmarked counts are exact. Text is reproduced from the public post preview and truncated for length.