26 Aug 2026, 09:18 UTC69 views2 reactionsread 1 September 2026 ЧАРО МЕГӮЕМ, КИ ҶАШН ГИРИФТАНИ МАВЛУДИ ПАЁМБАР ﷺ БИДЪАТ АСТ?
Зеро:
Дар бораи ҷашн гирифтани мавлуди Паёмбар ﷺ на як ояти Қуръон, на як ҳадис аз Расули Аллоҳ ﷺ — хоҳ саҳеҳ бошад, хоҳ заиф — ва на як асар аз ягон саҳоба, хоҳ саҳеҳ бошад, хоҳ заиф, ворид нашудааст.
Худи Расули Аллоҳ ﷺ барои худ мавлуд баргузор накардааст ва дар замони ҳаёташ ҳеҷ яке аз саҳоба ё аҳли байташ низ барои ӯ чунин ҷашн нагирифтаанд.
Абӯбакр…
❤2
20 Aug 2026, 13:22 UTC112 views2 reactionsread 1 September 2026 Photo
Пас, “Ло илоҳа иллаллоҳ” сабаби дохил шудан ба биҳишт ва наҷот ёфтан аз оташ аст, аммо ба шарти амал кардан мувофиқи талаботи он.
Аз ҳамин сабаб ба Ҳасан гуфта шуд: «Баъзе одамон мегӯянд: ҳар кас “Ло илоҳа иллаллоҳ” гӯяд, ба биҳишт медарояд».
Ӯ гуфт: «Ҳар кас “Ло илоҳа иллаллоҳ” гӯяд ва ҳаққу фарзи онро адо кунад, ба биҳишт медарояд».
Ҳамчунин ба Ваҳб ибни Мунаббаҳ гуфта шуд: «Оё “Ло илоҳа иллаллоҳ” калиди биҳишт нес…
💯2
1 Jul 2026, 11:07 UTC301 viewsread 1 September 2026 Photo
نظرتُ في دواوين السنة والأثر فلا أعلم امرأةً صحابيةً ولا تابعيةً حرةً ذُكرت باسمها فلانة بنت فلان ثبت السند عنها صريحاً أنها تكشف وجهها للأجانب.
«Ман китобҳои ҳадис ва осорро мутолиа кардам ва зане аз саҳобагон ё тобеъиёнро намедонам, ки озод бошад ва бо номи мушаххасаш (фалона духтари фалон) зикр шуда бошад ва бо санади саҳеҳ аз ӯ ба таври равшан собит гардида бошад, ки рӯяшро дар назди мардони бегона кушода мегузош…
29 Jun 2026, 07:08 UTC≈1,080 views2 reactionsread 1 September 2026 Photo
АЗ ШАРТИ ИҚТИДО ДАР НАМОЗ ИН НЕСТ, КИ МАЪМУМ АҚИДАИ ИМОМИ ХУДРО БИДОНАД Ё ӮРО ИМТИҲОН КУНАД.
Абил-Иззи Ҳанафӣ мегӯяд: "Бо иттифоқи ҳамаи пешвоёни дин, барои шахс ҷоиз аст, ки пушти сари касе намоз бихонад, ки аз ӯ бидъат ё фисқеро намедонад. Ва аз шарти иқтидо ин нест, ки маъмум ақидаи имоми худро бидонад ё ӯро имтиҳон карда пурсад: «Эътиқоди ту чист?». Балки ӯ пушти сари касе намоз мехонад, ки ҳолаш пӯшида аст.
Ҳат…
👍1💯1
23 Jun 2026, 14:24 UTC822 viewsread 1 September 2026 ФАЗИЛАТИ РӮЗАИ ТОСУЪО ВА ОШУРО
Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд:
صِیامُ یَومِ عاشُورا أحتَسِبُ عَلَی اللهِ أن یُکَفِّرَ السَّنَةَ الَّتِی قَبلَهُ
"Рӯзаи рӯзи Ошуроро ба умеди он мегирам, ки Худованд гуноҳони соли гузаштаро бибахшад". (Муслим 1162)
📅 Тосуъо: Чоршанбе, 24 июни соли 2026 (9-уми Муҳаррами 1448 ҳиҷрӣ).
📅 Ошуро: Панҷшанбе, 25 июни соли 2026 (10-уми Муҳаррами 1448 ҳиҷрӣ).
21 Jun 2026, 13:07 UTC753 viewsread 1 September 2026 Photo
Аксари саҳобаҳо бо беш аз як зан издивоҷ карда буданд; баъзе аз онҳо ҳамзамон чанд ҳамсар доштанд ва баъзеи дигар издивоҷ мекарданд, сипас ҷудо мешуданд.
Имом Бухорӣ аз Саид ибни Ҷубайр ривоят кардааст, ки гуфт: Ибни Аббос ба ман гуфт:
Оё издивоҷ кардаӣ?
Гуфтам: Не.
Гуфт: Пас издивоҷ кун, зеро беҳтарини ин уммат касоне ҳастанд, ки занони бештар доранд.
— ШАЙХ АБДУЛАЗИЗ ИБНИ МАРЗУҚ АТ-ТАРИФӢ.
18 Jun 2026, 23:07 UTC211 views3 reactionsread 1 September 2026 Photo
Бархе аз уламои салаф гуфтаанд:
«Мискинони аҳли дунё аз дунё берун рафтанд, дар ҳоле ки лаззатбахштарин чизи онро начашиданд». Гуфта шуд: «Лаззатбахштарин чизи он чист?» Гуфт: «Шинохти Аллоҳ, муҳаббати Ӯ, унс (оромишу дилбастагӣ) бо Ӯ ва шавқу иштиёқ ба дидори Ӯ».
❤3
17 Jun 2026, 12:11 UTC198 viewsread 1 September 2026 АВВАЛИН ЧИЗЕ, КИ БАНДА АЗ АЪМОЛАШ БАРОИ ОН ҲИСОБ ДОДА МЕШАВАД
Аввалин амале, ки банда барои он ҳисоб дода мешавад, намоз аст.
Аз Aбӯҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд:
أول ما يحاسب به العبد صلاته، فإن كان أكملها، وإلا قال الله عز وجل: انظروا لعبدي من تطوع، فإن وجد له تطوع. قال: أكملوا به الفريضة
«Аввалин чизе, ки банда бо он ҳисоб карда мешавад, намозаш мебошад. Агар онро комил анҷом …
15 Jun 2026, 10:30 UTC198 views3 reactionsread 1 September 2026 Photo
"Ҳар касе, ки ҳисси солим ва ақли дурусте дорад, ки ба воситаи он тавонад миёни ҳаққу ботил фарқ гузорад ва ҳақро аз ноҳақ бишиносад, дар истидлол ва дарки ҳақоиқ ҳеҷ гоҳ ба қоидаҳо, истилоҳот ва равишҳои аҳли калом ва ҷидол ниёз надорад. Балки бисёр вақт маҳз ба сабаби ҳамин равишҳо гирифтори шакку шубҳаҳое мешавад, ки ӯро ба саргардонӣ, гумроҳӣ ва тардид меафкананд.
Зеро тавҳид танҳо замоне судманд аст, ки қалби со…
👍2🍓1
14 Jun 2026, 12:44 UTC≈1,600 views1 reactionsread 1 September 2026 Photo
"Беҳтарин неъмати аҳли ҷаннат дидани Рӯйи мубораки Аллоҳи Таборака ва Таъоло ва сухан гуфтани Ӯ бо онҳо мебошад. Пас инкор кардани он, дар ҳақиқат инкори рӯҳи ҷаннат ва болотарин неъмату фазилати он аст; ҳамон неъмате, ки ҷаннат барои аҳлаш ҷуз ба василаи он гуворо ва хуш намегардад".
📚Ибни Абил-Иззи Ҳанафӣ, «Шарҳу-л Ақидати-т Таҳовия».
🍓1
13 Jun 2026, 06:50 UTC202 views5 reactionsread 1 September 2026 Photo
Рӯзи сешанбеи гузашта Ҳайати мероси фарҳангии Арабистони Саудӣ эълон кард, ки дар чанд мавзеъи воқеъ дар вилояти Ал-Маҳд дар минтақаи Мадина 1774 осори нави бостонӣ кашф шудааст. Ин кашфиёт пас аз анҷоми ду мавсими корҳои таҳқиқотӣ ва бостоншиносӣ ба даст омада, аз гуногунрангии таърихие шаҳодат медиҳад, ки аз давраи аввали ислом то замонҳои хеле қадимро дар бар мегирад.
Аз ҷумлаи бозёфтҳои сабтшуда, як навиштаи нод…
❤2👏2✍1
11 Jun 2026, 10:00 UTC191 views2 reactionsread 1 September 2026 БАР ТОЛИБ ИЛМ ЛОЗИМ АСТ, КИ КАСБУ КОР КУНАД, ТО АЗ ФАЗЛУ КАРАМИ ХУДОВАНД РӮЗӢ БА ДАСТ ОВАРАД, БА КАСОНЕ, КИ ЗЕРИ ДАСТИ Ӯ ҲАСТАНД, НАФЪ РАСОНАД ВА ХУДРО АЗ НИЁЗМАНДӢ БА МАРДУМ НИГОҲ ДОРАД.
Ибни Ҷавзӣ (Раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
فعليك -ياطالب العلم- بالاجتهاد في جمع المال للغنى عن الناس؛ فإنه يجمع لك دينك! فما رأينا في الأغلب منافقًا في التديّن والتزهد والتخشع ولا آفة طرأت على عالم، إلا بحب الدنيا، وغالب ذلك ا…
❤1👏1
Showing the 12 most recent of 20 posts we hold for @qalamtaj. View and reaction counts are the latest single reading for each post, not a live figure, and a recent post is still accumulating both. A view count marked ≈ was rounded by Telegram before we ever saw it — t.me prints views in full below 1,000 and to three significant figures above, so ≈1,200,000 means somewhere between 1,150,000 and 1,249,999. Unmarked counts are exact. Text is reproduced from the public post preview and truncated for length.