30 Jun 2026, 12:46 UTC≈2,050 views66 reactionsread 7 August 2026 Photo
Ҷавонмардони ту бас ноҷавонанд,
Тавонмандони ту бас нотавонанд.
Ало миллат чи сон ёбӣ раҳи рост,
Ки бархе ҳаҷравонат каҷравонанд...
#аксҳо #дубайтиҳо #loiqsherali #лоикшерали
Telegram | VK | TikTok | Instagram | OK | YouTube | Twitter | SoundCloud | LiveJournal |
👍31❤16😢9💯4🔥4🙏2
Signed БК
23 May 2026, 09:32 UTC≈4,110 views31 reactions2 Starsread 7 August 2026 Video
#loiqsherali #лоикшерали
❤25🔥6
Signed Баха
22 May 2026, 14:35 UTC≈3,790 views16 reactionsread 7 August 2026 Video
Сӯҳбатҳои Гулрухсори Сафӣ, Шоири халқии Тоҷикистон дар маҳфили бузургдошти устоди раводшод Лоиқ Шералӣ дар Кохи Лоиқ
#наворҳо #loiqsherali #лоикшерали
Telegram | VK | TikTok | Instagram | OK | YouTube | Twitter | SoundCloud | LiveJournal |
❤14🙏2
20 May 2026, 17:56 UTC≈3,430 views15 reactionsread 7 August 2026 File
#овозиустод
Telegram | VK | TikTok | Instagram | OK | YouTube | Twitter | SoundCloud | LiveJournal |
👍10❤5
19 May 2026, 21:05 UTC≈3,350 views24 reactionsread 7 August 2026 Абдунабӣ Сатторзода, профессор:
“Лоиқ касест, ки шеъри муосири тоҷикиро ба асолати азалияш баргардонд. Вай дар ин роҳ кӯшишҳои нотамоми устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Ҳабиб Юсуфӣ ва Мирзо Турсунзодаро тамомӣ бахшид. Миёни шеъри кунунии тоҷикӣ ва осори мондагори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, Мавлавӣ, Соиб, Калими Кошонӣ ва Бедил пуле эҷод кард, миёнҷӣ шуд. Шоирони имрӯзаи тоҷик …
❤24
19 May 2026, 21:01 UTC≈3,620 views39 reactionsread 7 August 2026 Photo
Имрӯз устоди сухан, шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералӣ зодрӯз дорад, ки дуруст ҳазор сол пас аз даргузашти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба дунё омадааст.
Ман баъди ҳама завол меоям боз,
Чун мурғи хуҷастафол меоям боз.
Гар баъди ҳазор сол ёдам бикунед,
Аз баъди ҳазор сол меоям боз.
Наворҳо:
1.Ифтихор
2.Устод Лоиқ Шералӣ дар бораи китобу китобхонӣ
3.Устод Лоиқ Шералӣ дар васфи Гулрухсор Сафиева. ш. Душанбе, соли 1997
❤31🔥6👍2
19 May 2026, 13:12 UTC≈2,180 views17 reactionsread 7 August 2026 Video
Дар ин замона ба ҳар баҳона...
#наворҳо
Telegram | VK | TikTok | Instagram | OK | YouTube | Twitter | SoundCloud | LiveJournal |
❤10👍7
19 May 2026, 10:18 UTC≈2,890 views23 reactions1 Starread 7 August 2026 ЗИНДАГӢ (4)
Зиндагӣ хуршед дар боми ман аст,
Зиндагӣ маҳтоб дар шоми ман аст.
Зиндагӣ ёри гуландоми ман аст,
Зиндагӣ Хайёми айёми ман аст.
Гар набошад номам аз номи Ватан,
Гар набошад хилқати ман сохтан,
Гар насӯзам дар ғами шеъру сухан,
Зиндагӣ андешаи хоми ман аст.
Эй умеди зиндаи дил, зинда бош!
Эй гули ишқи ҷавон, пурханда бош!
Дар мани миранда сад оянда бош!
Зиндагӣ парвози пайғоми ман аст.
Гар набошад ишқи …
❤17🔥3💯2❤🔥1
18 May 2026, 19:56 UTC≈2,400 views28 reactionsread 7 August 2026 * * *
Ман ӯро мешиносам.
Китоби ҳастии ӯро нахонда,
Ба ҳаққи ӯ чӣ мебофед тӯҳматҳою бӯҳтонҳо?
Агар донед, к-ӯ ҳам
Як дили пурорзу дорад,
Ҳамеша ҷустуҷӯ дорад,
Намехондед ҳазёнҳо!
Ман ӯро мешиносам.
Ба назди мардум аз мардӣ
Ҳамехандад ҳамеша, гар сарафроз асту
гар сарпаст.
Вале дар хилвати шабҳо,
Миёни оташи табҳо,
Газида аз ғазаб лабҳо
Чӣ кӯдаквор мегиряд.
Агар донад, ки мебинад касе
Намегиряд, ки ин айб аст.
Гуноҳ…
❤21👍5❤🔥2
9 May 2026, 19:31 UTC≈3,450 views34 reactionsread 7 August 2026 ДУХТАРИ РУСТОӢ
Нарафтӣ ҷанг мисли духтари рус,
Набастӣ захмҳои аскаронро.
Накардӣ сила бо дастони нармат
Сари аз тир маҷрӯҳи ҷавонро.
Валекин андаруни номаи худ
Фиристодӣ ба ӯ рӯмоли алвон,
Ки дар рӯзи зафар бошад ба дасташ
Ба мисли парчами сурхе парафшон.
Тасалло додӣ, дилбардорӣ додӣ
Варо дар номаҳои маҳрамона.
Варо дар номаи худ бӯса кардӣ
Ба он лабҳои пазмон ғоибона.
Ба ҳангоми дарав шаббош рафтӣ,
Ба хирманҷо…
❤20😢8👍3🔥3
1 May 2026, 18:11 UTC≈4,340 views41 reactionsread 7 August 2026 * * *
Шукр гӯям зиндагиро бо ҳама ширину талх,
Шукр гӯям зиндагиро бо ҳама неку бадаш.
Шукр гӯям қисматамро бо ҳар он чӣ ҳасту нест,
Шукр гӯям бахтро бо омаду ноомадаш.
Шукр гӯям ҳар дарахтеро, ки бошад дубара,
Шукр гӯям ҳар ниҳолеро, ки навгонӣ диҳад.
Шукр гӯям ҳар сабоҳеро, ки хуршед аз уфуқ
Пайки рӯзи нав зи бахши умри инсонӣ диҳад.
Шукр гӯям ҳар нафасро ҳамчу нақди зиндагӣ,
Ки бувад пайваста бо халқу Ватан чун …
👍22❤17❤🔥1💯1
29 Apr 2026, 09:55 UTC≈4,940 views77 reactionsread 7 August 2026 * * *
Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки нодон шавам,
Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки гирён шавам.
Бар сари зонуи модар боз биншинам даме,
Гиряму хандам, сарамро сила бинмояд ҳаме.
Боз гултоқӣ бибофам аз гули худрӯи кӯҳ,
Аз гули наврӯзу аз қоқую аз ҳулбӯи кӯҳ.
Боз рӯи сабзаҳо афтону хезон по ниҳам,
Кӯҳҳову даштҳоро дар дили худ ҷо диҳам.
Боз бо ҳамсолҳоям ҷангбозиҳо кунам,
«Қаҳрамон»-и ҷанг бошам, сарфарозиҳо кунам.
Ош…
👍31❤28😢6❤🔥5👏4🔥3
Showing the 12 most recent of 20 posts we hold for @loiqsherali. View and reaction counts are the latest single reading for each post, not a live figure, and a recent post is still accumulating both. A view count marked ≈ was rounded by Telegram before we ever saw it — t.me prints views in full below 1,000 and to three significant figures above, so ≈1,200,000 means somewhere between 1,150,000 and 1,249,999. Unmarked counts are exact. Text is reproduced from the public post preview and truncated for length.