10 Aug 2026, 05:11 UTC679 views23 reactionsread 12 August 2026 Photo
Туро, ки ҳиммату иқболу фарру бахтест
Ба ҳар чӣ саъй кунӣ давлатат диҳад ёре...
Саъдии Шерозӣ
Агар чизе аз таҳти дил мехоҳӣ, агар фикри расидан ба он туро ором намегузорад, зуд ноумед нашав. Шояд роҳаш дароз бошад, шояд чанд бор хаста шавӣ, ҳатто шояд лаҳзаҳое бирасанд, ки фикр кунӣ дигар намешавад. Аммо ин ҳанӯз охири қисса нест.
Ҳар чизе, ки арзиши расидан дорад, одатан сабр, талош ва чанд бор аз нав оғоз кардан м…
❤14👍8🫡1
9 Aug 2026, 09:43 UTC818 views26 reactionsread 12 August 2026 Баъзе чизҳоро намешавад аввал шикасту баъд бо як «бахшиш» дубора мисли рӯзи аввал сохт.
Намешавад ҳар чизе, ки дар вақти хашм ба забон омад, бигӯӣ, дили касеро озор диҳӣ, эҳтиромашро бишканӣ, баъд ором шавӣ ва фикр кунӣ, ки ҳама чиз фаромӯш мешавад. Одам метавонад туро бубахшад, метавонад дигар чизе нагӯяд, ҳатто метавонад боз табассум кунад… аммо ин маънои онро надорад, ки дар дарунаш чизе нашикастааст.
Баъзе суханҳ…
❤16👍10
7 Aug 2026, 11:02 UTC≈1,040 views46 reactionsread 12 August 2026 Photo
Мегӯянд: «Бо ҳар кас ҳамон гуна рафтор кун, ки ӯ бо ту рафтор мекунад».
Аммо ман фикр мекунам, агар ин қоидаро қабул кунем, оҳиста-оҳиста аз худи мо чизе боқӣ намемонад.
Агар касе дағал буд, мо ҳам дағал шавем?
Агар касе хиёнат кард, мо ҳам хиёнат кунем?
Агар касе беэҳтиромӣ кард, мо ҳам беэҳтироми кунем?
Пас фарқи мо аз ӯ дар чӣ мемонад?
Инсон будан маънои онро надорад, ки ба ҳар рафтор бо рафтори монанд ҷавоб диҳем…
❤29👍17
4 Aug 2026, 13:41 UTC≈1,410 views23 reactionsread 12 August 2026 Photo
Зиндагӣ танҳо аз рӯзҳои равшан ва танҳо аз шабҳои торик ҳам иборат нест.
Рӯзҳое мешаванд, ки ҳама чиз мувофиқи орзуҳоят пеш меравад ва рӯзҳое ҳам меоянд, ки гӯё тамоми дарҳо баста шудаанд.
Аммо маҳз ҳамин пастиву баландиҳо моро қавитар, оқилтар ва пуртаҷрибатар месозанд.
Агар ҳамеша офтоб мебуд, мо қадри сояро намедонистем. Агар ҳамеша осонӣ мебуд, муваффақият дигар лаззате надошт.
Пас на аз душвориҳо ноумед шав ва …
👍15❤8
3 Aug 2026, 05:35 UTC≈1,770 views26 reactionsread 12 August 2026 Photo
Баъзан бузургтарин душмани оромии мо воқеият нест, балки хаёлҳои худи мост.
Як фикри манфӣ меояд... Мо онро калон мекунем. Ба он ҳодисаҳои дигарро зам мекунем. Дар зеҳни худ даҳҳо сенария месозем, ки шояд ҳеҷ кадомашон рӯй надиҳанд.
Чанд рӯз худро ғамгин мекунем, шабҳо бехоб мемонем ва аз чизҳое метарсем, ки танҳо дар тасаввури мо вуҷуд доранд.
Ҳақиқат ин аст, ки зиндагӣ бисёр вақт аз фикрҳои тарсовари мо меҳрубонтар…
👍19❤7
2 Aug 2026, 07:16 UTC≈1,460 views28 reactionsread 12 August 2026 Video
Одамон монанди фаслҳои соланд...
Баъзеҳо мисли баҳор меоянд: бо ҳузурашон умед, табассум ва нерӯи нав мебахшанд.
Баъзеҳо мисли тобистонанд: гармӣ медиҳанд, аммо агар аз ҳад наздик шавӣ, метавонанд бисӯзонанд.
Баъзеҳо мисли тирамоҳанд: бо рафтанашон ба ту меомӯзанд, ки на ҳама чиз барои ҳамеша мемонад.
Ва баъзеҳо мисли зимистонанд: сард, хомӯш ва дур, аммо маҳз онҳо қадри гармии муҳаббатро ба ту мефаҳмонанд.
Дар зинда…
❤17👍8🫡3
1 Aug 2026, 09:35 UTC≈1,300 views23 reactionsread 12 August 2026 Photo
Баъзан пеш аз он ки дигаронро арзёбӣ кунем, беҳтар аст лаҳзае назди оинаи виҷдони худ биистем.
Аз худ бипурс:
«Агар имрӯз бори аввал бо худ шинос мешудам, оё дӯст медоштам бо чунин инсон дӯст шавам?»
Оё бо суханонам оромиш мебахшам ё ранҷ?
Оё ҳузурам ба дигарон нерӯ медиҳад ё хастагӣ?
Оё шахсе ҳастам, ки мардум ба ӯ бовар мекунанд?
Ҷавоби ин саволҳо барои айбдор кардани худ нест, балки барои шинохтани худ аст.
Зеро б…
❤17👍6
1 Aug 2026, 06:13 UTC≈1,440 views34 reactionsread 12 August 2026 Photo
Ба ҳамон дӯсти наздикат фикр кун, ки орзу доштӣ рӯзе ӯро дар либоси арӯсӣ ё домодӣ бубинӣ, аммо туро ба тӯяш даъват накард.
Ба ҳамон муносибате фикр кун, ки гумон мекардӣ бе ту як рӯз ҳам давом намекунад, аммо имрӯз мебинӣ, ки зиндагии худро хеле ором идома дода истодааст.
Ба ҳамон орзуе фикр кун, ки солҳо ҳангоми хомӯш кардани шамъҳои зодрӯзат барои амалӣ шуданаш дуо мекардӣ, вале имрӯз орзуҳои дигар ҷойи онро гириф…
👍24❤7😢3
31 Jul 2026, 12:01 UTC≈1,380 views35 reactionsread 12 August 2026 Photo
Дар охир мефаҳмед, ки дар ин дунё ҳеҷ кас ба андозаи шумо 🔤🔤 нафар ба ҳамдигар наздик нест.
Бо ҳам аз хонаҳои иҷора мегузаред, қисту қарз ва душвориҳои сохтани зиндагиро паси сар мекунед. Бо дидани ду хати рӯи як санҷиш, тамоми дунёятон дигар мешавад. Шабҳои бехобиро дар паҳлуи ҳам сипарӣ мекунед, рӯзҳои тангдастиро таҳаммул менамоед ва лаззати муваффақиятро низ якҷоя мечашед.
Бо ҳам сафар мекунед, дар нишастҳои хо…
❤22👍10😢3
31 Jul 2026, 08:32 UTC≈1,400 views22 reactionsread 12 August 2026 Video
Агар ту натавонӣ бихандӣ, бирақсӣ ё суруд бихонӣ, зиндагият ба биёбони хушки беҳаёт мемонад.
Зиндагӣ бояд ба боғе монанд бошад, ки дар он парандаҳо месароянд, гулҳо мешукуфанд ва дарахтон бо насими зиндагӣ ба рақс меоянд. Ҷое, ки офтоб ҳар субҳ бо шодӣ тулӯъ мекунад.
Яке аз бузургтарин иштибоҳҳои инсоният ин аст, ки дар ҳеҷ донишгоҳе ҳунари зиндагӣ кардан, ҳунари дӯст доштан, ҳунари хушбахт будан ва ҳунари мулоҳизаю …
❤15👍7
30 Jul 2026, 14:29 UTC≈1,560 views33 reactionsread 12 August 2026 Photo
Баъзан мо ин қадар ба як роҳ одат мекунем, ки ҳатто намефаҳмем он дигар роҳи мо нест.
Дар коре мемонем, ки солҳост дигар дӯсташ намедорем.
Дар муносибате мемонем, ки дигар эҳтиром ва оромӣ надорад.
Бо одамоне роҳ меравем, ки кайҳо аз мо дур шудаанд, вале мо ҳанӯз умеди тағйир ёфтани онҳоро дорем.
Мо фикр мекунем: «🔤🔤🔤🔤 🔤🔤🔤🔤🔤 🔤🔤🔤🔤🔤🔤 🔤🔤🔤🔤🔤 ...»
Аммо аксар вақт фардо танҳо маънои як рӯзи дигарро дорад, ки дар ҷои ноду…
👍21❤11😢1
28 Jul 2026, 06:49 UTC≈1,920 views46 reactionsread 12 August 2026 Photo
Ҳеҷ кас намедонад, ки инсон барои раҳо кардани худ аз як давраи торик чӣ қадар нерӯи равонӣ сарф мекунад.
Баъзан касе танҳо табассуми туро мебинад, аммо аз шабҳое, ки бо изтироб, андешаҳои вазнин ё ашк сипарӣ кардаӣ, хабаре надорад. Ҳеҷ кас намебинад, ки чанд бор худро аз нав ҷамъ кардаӣ, чанд маротиба умедатро дубора зинда кардаӣ ва чӣ қадар ҷасорат лозим буд, то боз як рӯзи дигарро идома диҳӣ.
Агар имрӯз ё ҳар рӯзи…
❤26👍19😢1
Showing the 12 most recent of 21 posts we hold for @Khiradtj. View and reaction counts are the latest single reading for each post, not a live figure, and a recent post is still accumulating both. A view count marked ≈ was rounded by Telegram before we ever saw it — t.me prints views in full below 1,000 and to three significant figures above, so ≈1,200,000 means somewhere between 1,150,000 and 1,249,999. Unmarked counts are exact. Text is reproduced from the public post preview and truncated for length.